Ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадии Муродзода Шоҳин
25 нояюбри соли 2026 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-091 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи рисолаи номзадии Муродзода Шоҳин дар мавзуи “Арзёбии экологии мавҷудияти радионуклидҳо дар муҳити биологӣ ва мониторинги вазъияти радиатсионӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.
Роҳбари илмӣ — доктори илмҳои техникӣ, профессор, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидзода Илҳом.
Мушовири илмӣ — доктори илмҳои тиббӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири лаборатории фармакологияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимов Исматулло Фатҳуллоевич.
Муродзода Шоҳин рисолаи худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.9. Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист (2.9.6. Экология) бомуваффақият ҳимоя намуд.
Шӯрои диссертатсионӣ натиҷаҳои илмии довталабро мусбат арзёбӣ карда, саҳми ӯро дар омӯзиши вазъияти радиатсионӣ ва таъмини амнияти экологии минтақаҳо назаррас шуморид.